Vashgird App

Барномаҳои ман

Мучал

Аз замонҳои қадим дар байни халқҳои Осиё ва Шарқи Наздик як системаи солшуморӣ вуҷуд дорад, ки дар он ба ҳар сол номи як ҳайвон дода мешавад. Солҳо ба номи муш, бақар, паланг, харгӯш, наҳанг, мор, асп, гӯсфанд, ҳамдуна, мурғ, саг ва хук номгузорӣ шудаанд. Як даври ин тақвим аз 12 сол иборат аст.

Барномаи «Мучал» барои муайян кардани мучал пешбинӣ шудааст. Барои ин, ба корбар лозим аст, ки дар равзанаи «Соли таваллуд» соли заруриро ворид кунад ва тугмаро дар тарафи рости майдон пахш кунад. Дар натиҷа тасвири мучали мувофиқ нишон дода мешавад.

Дидани барнома Тамос бо мо